Аз нишастҳои матбуотӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода: «30 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 541,9 млн. доллар ба имзо расид»

№25 (4131) 25.02.2020

Молия (2)Аз маълумоте, ки вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ пешниҳод кард, бармеояд, ки дар сохтори даромади буҷети давлатӣ пардохтҳои андозӣ ва ғайриандозӣ 17,8 млрд. сомонӣ, маблағи махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 2,1 млрд. сомонӣ ва маблағи азхудшудаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Вазир мутмаин аст, ки соли 2019 хароҷоти буҷети давлатӣ, тибқи нақшаи пешбинигардида ва даромади воқеии буҷет,  амалӣ шуд.

Ба соҳаҳо зиёда аз 23,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1381,7 млн. сомонӣ, маориф — 4419,2 млн, тандурустӣ -1803,9 млн, ҳифзи иҷтимоӣ -3510,6 млн, фарҳангу варзиш  — 947,8 млн, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 1265,1 млн, комплекси сӯзишворӣ, энергетикӣ — 4586,1 млн, кишоварзӣ — 636,9 млн, саноату сохтмон -193,2 млн, нақлиёту  коммуникатсия -1200,5 млн. сомонӣ равона  шуд.

Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла, пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 5,3 млрд. сомонӣ, идрорпулӣ -92,2 млн, нафақа — 2,8 млрд, ҷубронпулӣ ва кумакпулӣ 342,0 млн. сомонӣ харҷ шуд.

Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявӣ татбиқи 64 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 3,3 млрд. доллари амрикоӣ идома ёфта, 3134,0 сомонӣ аз худ гардид.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, равобит  бо шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ тавсеа ёфта, 30 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 541,9 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид.  Аз ин маблағ 360,2 млн. доллари амрикоӣ  (66,4 фоиз) грант, 146.2 млн. доллари амрикоӣ  (27 фоиз) қарз ва 35,5 млн. доллари амрикоӣ (6,6 фоиз) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар қиёс бо соли 2018 маблағи созишномаҳои баимзорасида 139,3 млн. доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»