Аз нишастҳои матбуотӣ

Файзобод. Агар фаъолияти масъулон ҷиддӣ мебуд…

№91 (4196) 28.07.2020

DSC01562Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ­ҳокимияти давлатии ­ноҳияи Файзобод (20 июл) аз нишаст­ҳои гузашта фарқ надошт. Чун анъа­на раиси ноҳия Миралӣ Раҷаб­зода дар оғоз хабарнигоронро бо натиҷаҳои бадастомада ошно намуда, бо ҳамин «усул» 25-30 дақиқаи вақти ҷудошударо сарф кард, то ки барои суолу ҷавоб вақт камтар монаду соати муайяншуда ба поён расад. 

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи қисми даромади буҷет 101 фоиз ва хароҷот 95 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 101 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот ба 104 фоиз баробар шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиону 824,4 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як миллиону 268,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 69 миллиону 153 ҳазор сомониро ташкил дод. Кишоварзон дар ин давра дар 4020 га кишти зироатҳои ғалладонагӣ, 1134 га кишти картошка ва 714 га кишти сабзавот гузаронида, то ҳол беш аз 1075 га ғаллазор дарав карда шудааст. Ҳосилнокии миёнаи ғалла аз ҳар гектар 19,8 сентнериро ташкил дод.

Дар идома хабарнигорон доир ба беаҳамиятии масъулони ноҳия дар иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва марги модари ҷавон — Фарида Шарипова дар таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳия, ки аз ӯ се кӯдаки ноболиғ ятим монд, пурсон шуданд.

Миралӣ Раҷабзода иброз дошт, ки дар ҳақиқат, зимни иҷрои талаботи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи дуюми бемории сирояти коронавирус беаҳамиятӣ дида мешавад ва зарур аст, ки фаъолияти ситоди ноҳиявиро дар ин самт пурзӯр намуда, дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ барем. Ҳамчунин, ӯ марги модари ҷавон — Фарида Шариповаро (16 июли соли 2020) тасдиқ намуда, гуфт, ки  «барои дақиқ намудани сабаби марги модари ҷавон ба мутасаддиёни соҳа супориш додам». Мутаассифона, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия,  менеҷери КАТС ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемио­логии ноҳия хомӯширо раво дида, ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб нагуфтанд. Ба андешаи мо, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар сабабҳои фавти модари ҷавонро муайян намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд, то ки барои дигарон дарси ибрат шавад.

Ҳамчунин, раиси ноҳия ва дигар масъулони соҳа ба суолҳои хабарнигорон оид ба фаъолияти ғайриқаноатбахши китобхонаҳо ва хонаҳои фарҳанги ҷамоатҳои деҳот ҷавоб гуфта натавонистанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»