Нишасти матбуотӣ

Файзобод. Чоҳҳои амудӣ таъмир ва аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад

№ 21.07.2016

Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тибќи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҷашни дарпешистодаи 25-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 40 иншоот идома дорад.

Аз идомаи суханони Раҷабзода Миралӣ маълум гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тибќи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия 705 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 182 ҷойи кори доимӣ, 350 ҷойи кори муваќќатӣ ва 173 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 4 миллиону 298,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 716,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Иҷрои наќшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра иҷро гардидааст ва аз ин ҳисоб ба буҷети ноҳия ба ҷойи 7475 ҳазор сомонии наќша 7920 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Иҷрои наќшаи буҷети ноҳия дар шашмоҳаи соли 2016 дар ќисми даромад ба андозаи 17083 ҳазор сомонӣ ва ќисми хароҷот ба андозаи 17457 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 48466 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Раҷабзода Миралӣ оид ба таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ зикр кард, ки солҳои пеш дар атроф ва маркази ноҳия 20 чоҳи амудӣ вуҷуд дошт ва ҳоло аз ин шумора ҳамагӣ сетои он коршоям аст, чоҳҳои боќимонда таъмирталабанд. Аз ин рӯ, маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба наќша гирифтааст, ки ќисме аз ин чоҳҳоро пурра таъмир намуда, то ҷашни 25 -солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии деҳотро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»