Аз нишастҳои матбуотӣ

ФАЙЗОБОД. Масъулон баҳри бартараф намудани камбудиҳо супориши қатъӣ гирифтанд

№98 (4048) 15.08.2019

DSC01562Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ (29 июли соли 2019) гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 25 миллиону 658 ҳазор сомонӣ ё 101 фоиз таъмин гардид. Қисми хароҷот 23 миллиону 786,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба 93 фоизи нақша баробар аст. Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба ҷойи 9 миллиону 191 ҳазор сомонии нақша ба маблағи 9 миллиону 446 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 32 миллиону 736,4 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 19 миллиону 366,8 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Чорводорони ноҳия дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 7238 тонна шир истеҳсол намуданд, ки ба ҳар сар гови дӯшоӣ 325 килограммӣ рост меояд, — изҳор дошт Миралӣ Раҷабзода.

Кумитаи идораи замини ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 29 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи заминро ошкор ва ба прокуратураю суди ноҳия ирсол кард. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар давраи зикршуда дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва давлатӣ ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як чоҳи амудиро таъмиру навсозӣ намуда, мавриди истифода қарор дод.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 78 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019-ум 11 адад кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 91,4 фоизро ташкил менамояд.

Ба суолҳои хабарнигорон, аз ҷумла, оид ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Дурахшон», воқеъ дар деҳаи Бунгакиёни деҳоти «Қалъаи Дашт», ки бидуни хулосаи санитарию  эпидемиологӣ дар ду баст фаъолият карда, ҳаёти 260 кӯдакро зери хатар гузоштааст ва боғи намунавие, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2014 бунёд шуда буду имрӯз дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор дорад, масъулон ҷавоб гуфта натавонистанд. Миралӣ Раҷабзода аз бемасъулиятии мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори нигаронӣ кард ва барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дод.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»