Аз нишастҳои матбуотӣ

Файзобод. Вазъи хонаҳои фарҳангу марказҳои саломатӣ ташвишоваранд

№22 (4128) 18.02.2020

файзободТавре Миралӣ Раҷабзода -  раиси ноҳияи Файзобод  зимни нишасти матбуотӣ (3 феврали соли 2020) изҳор дошт, новобаста аз он ки соли 2019 ноҳия дар иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, пардохти  андозҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ҳанӯз камбудиҳое ҷой доранд, ки солҳост мақомоти дахлдор барои бартараф кардани онҳо чора намеандешанд.

- Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 56 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва иншооти дигар, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хусусӣ гардонида шуда буданд, аз фаъолият бозмонда, рӯ ба нестӣ овардаанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Шарбати Файзобод», корхонаи коркарди шир, 26 фермаи ширию молӣ, заводи истеҳсоли хишт, корхонаҳои нонпазӣ, мевахушккунӣ ва коркарди мева, инчунин, даҳҳо бинои маъмурӣ бинобар беаҳамиятии шахсоне, ки онҳоро хусусӣ гардонидаанд, валангор шудаанд, — гуфт мавсуф.

- Илова бар ин, — афзуд Миралӣ Раҷабзода, -  беморхонаи марказии ноҳия дар давоми даҳ соли охир рӯи таъмирро надидааст. Беморхонаи минтақавии деҳоти «Меҳробод» бошад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вазъи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот низ чандон ҷавобгӯи талабот нест. Қисме аз хонаҳои фарҳанги деҳот фурӯхта шудаанду боқимонда бо сабаби ба таъмири ҷиддӣ ниёз доштан ҳолати ҳузнангез доранд.

Дар робита ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар марказ ва деҳоти ноҳияи Файзобод ба истифода додани 352 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст. Аз ин шумора то ба имрӯз 138 адад ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳоло дар 71 иншооти дигар сохтмон идома дорад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»