Аз нишастҳои матбуотӣ

Фарҳод РАҲИМӢ: Кашфи «маъданҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит»

№18 (3968) 14.02.2019

DSC_0001Дар нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 феврал баргузор гардид, президенти он Фарҳод Раҳимӣ масоили ковишҳои археологӣ дар нукоти мухталифи ҷумҳурӣ, масъалаҳои вобаста ба сейсмология ва пиряхшиносӣ, танаввӯи гиёҳӣ ва истифодаи онҳо дар саноати дорусозӣ, ҷойгоҳ ва мақоми олимони ҷавон дар Академияи илмҳо ва ғайраро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Аз рӯи маълумоти пешниҳодшуда, соли 2018 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯи 95 мавзӯъ, аз ҷумла, 54 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23 илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Барои мисол, олимони соҳаи геология ду маъдани навро бо номҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит» кашф намуданд.

Дар соҳаи биология таҳқиқоти комплексии гуногунии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияи пешрафта густариш дода шуд.

Олимони соҳаи таърих омода кардани асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол»-ро идома дода, мувофиқи нақша ҷилди якуми онро, ки солҳои 1991-2001-ро фаро мегирад, таҳия карданд. Дар самти корҳои бос­тоншиносӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 15 экспедитсия ташкил карда шуд. Дар ёдгории Саразми бос­тонӣ дар шаҳри Панҷакент, ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Фархор ва Дарвоз ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд.

Файласуфон ва сотсиологҳо маълумоти таҳқиқотиро дар мавриди назарияҳои фалсафӣ, мантиқӣ, динӣ-фалсафӣ ва ахлоқии Мирзо Азими Сомӣ, Асируддини Абҳарӣ, афкори фалсафии Мовардӣ, фалсафаи ҳастии Ҳодии Сабзаворӣ гирдоварӣ намуданд. Умуман, соли 2018 аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шудааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»