Аз нишастҳои матбуотӣ

Фароғат Азизӣ: «Ташкили коргоҳи созтарошӣ лозим аст»

№18 (3812) 10.02.2018

DSC_3928- Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати тарбияи мутахассисони соҳибкасби соҳаи мусиқӣ, рушди мусиқии суннатии тоҷик ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо фаъолият мекунад, — изҳор дошт ректори он Фароғат Азизӣ дар нишасти матбуотие, ки 6 феврали соли 2018 баргузор гардид.

Ӯ қайд намуд, ки баҳрабардорӣ аз фарҳанг, хоса мусиқии суннатии тоҷик торафт меафзояд.

Дар консерватория 3 факултет – иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик ва санъати мусиқии эстрада, 13 кафедра фаъолият дошта, аз рӯйи 13 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Таҳсил аз рӯйи ду низом — анъанавӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шуда, 403 донишҷӯро фаро мегирад. 7 донишҷӯи консерватория тибқи квотаи давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд. Соли гузаш­та 47 хатмкунанда дар муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ ба кор таъмин гардиданд.

Соли 2017 нахустин экспедитсияи этнографӣ барои ҷамъоварии намунаҳои мусиқии суннатии «Фалак» ба Кӯлоб ва Бадахшон сафарбар шуд.

Фароғат Азизӣ дар баробари дастовардҳо аз мушкилоти мавҷуда низ ёдовар шуда, зикр намуд, ки консерватория ба воҳиди корӣ — проректор оид ба таълим ва тарбия ниёз дорад. Мушкили дигар набудани маҷаллаи илмӣ-фарҳангии таълимгоҳ мебошад.

Инчунин, дар консерватория ташкил кардани як коргоҳи созтарошӣ лозим аст, чунки ин санъат аз байн рафта истодааст. Устоҳои касбӣ бошанд, созҳое метарошанд, ки садои онҳо дархӯри кори мутрибон ва мусиқишиносон нест.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»