Аз нишастҳои матбуотӣ

«Фолбинӣ»-ҳо дар мавриди ММП хато баромаданд

№20 (4126) 13.02.2020

DSC_5419Фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дод, дар нишасти матбуотии ин ниҳод мавзӯи меҳварӣ буд.

Роҳбарияти бонк таъкид карданд, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб лоиҳаи тиҷоратӣ нест ва барои таъсиси он маблағи ҳангуфт низ харҷ нашудааст. Аз он ёдовар шуданд, ки баъзе расонаҳо ва журналистони алоҳида  манфиатҳои низомҳои интиқоли пулро ҳимоя намуда, «бонги изтироб» зада буданд, ки таъсиси чунин марказ боиси гарон шудани нархи интиқоли пул мешавад. Нодида мегирифтанд, ки яке аз ин низомҳо – «Золотая корона»  бо сармояи хеле кам ва ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи мавҷуда зиёда аз 80 фоизи бозорро дар ихтиёр дошт. Тоифаи мазкур «далел» пеш оварда буданд, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия муқаррароте ҷой дорад, ки барои пайвастани низомҳои интиқоли маблағ монеа пеш меорад. Андешае, ки асоси воқеӣ надоштанаш ба шарофати шарҳи расмии Бонки марказии Россия  собит шуд.

Муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо далелҳои асосноку раднопазир тавзеҳ дод, ки дар заминаи фаъол шудани ММП самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағ, таъмини шаффофияти амалиёт, коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф таъмин гардид.

Ҷанбаи дигари муҳим  саҳми ММП дар устувории қурби асъори миллӣ маҳсуб мешавад. Илова бар ин, ММП барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ низ мусоидат менамояд. 362 миллион сомонӣ зиёд гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ ва то161000 адад  афзудани кортҳои пардохтӣ маҳз ба фаъолияти пурмаҳсули Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб мутааллиқ аст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  зимни тавзеҳи  вазъи  макроиқтисодӣ ва фаъолияти  низоми бонкии мамлакат дар соли гузашта изҳор намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти дурнамои  вазъи иқтисоди берунию   дохилӣ  меъёри  бозтамвилро  тадриҷан аз 14,75 фоиз то  12,25 фоизи солона, яъне 2,5 банди фоизӣ паст намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  соли гузашта дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба 77,44 миллиард сомонӣ баробар гардида,  афзоиши воқеии он  7,5 фоизро ташкил дод, ки дар қиёс  ба соли 2018-ум 2 банди фоизӣ зиёд аст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  беш аз 13 фоиз,  гардиши савдои чакана — 9, кишоварзӣ — 7,1 ва хизматрасонии пулӣ қариб 3 фоиз афзуд. Новобаста аз таъсири мавсимӣ, маъмурӣ ва берунӣ дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати зиддитаваррумӣ бо истифодаи  фишангҳои   монетарӣ  ва муътадил  гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, таваррум 8 фоизро ташкил дод.

Бино ба гуфти раиси Бонки миллии Тоҷикистон, бо мақсади  коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии  бонкҳо, нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок соли гузашта   141 музоядаи фурӯши  коғазҳои қиматноки  Бонки миллии Тоҷикистон  дар ҳаҷми  беш аз 16 миллиард  сомонӣ  баргузор  гардид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 75 ташкилоти  қарзии молиявӣ, аз ҷумла,  16 бонк, бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд, 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Дороиҳои   ташкилотҳои зикршуда дар ин давра  22 миллиард сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,7 фоиз зиёд шудаанд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»