Аз нишастҳои матбуотӣ

Гавҳар Шарофзода: «53260 истилоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт»

№94 (4044) 03.08.2019

DSC_0904+++Зимни нишасти матбуотӣ, ки 31 июл баргузор шуд, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зикр кард, ки санҷиш ва омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои фаъолияти онҳо мебошад.

Ӯ гуфт, ки дар давраи мавриди назар гурӯҳи кории кумита риояи муқаррароти қонуни мазкурро дар фаъолияти 14 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дод. Инчунин, зиёда аз 48 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ ва ба 12 парвандаи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод гардид. Ҳашт фарҳангнома ва китоби таълимӣ (дар соҳаҳои обшиносӣ ва геодезия, сохтмон ва меъморӣ, иқтисодӣ ва илмҳои дақиқ, техникӣ, варзиш, кишоварзӣ ва байторӣ), ки дар маҷмӯъ 53260 истилоҳро фаро мегиранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Пас аз дастрас гардидани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба аҳолии кишвар таваҷҷуҳи падару модарон ба гузоштани номҳои суннатию миллӣ зиёд шуд. Дар натиҷа, 420 нафар оид ба номгузории фарзандон ба кумита муроҷиат карданд, ки аз ҷониби Комиссияи номгузорӣ ба 183 номи пешниҳодкардаи онҳо (ки ба феҳристи номбурда дохил нашудаанд) иҷозат дода шуд, — гуфт номбурда.

Р. УМАР, «Садои мардум»