Аз нишастҳои матбуотӣ

Гулнора ҲАСАНЗОДА: «Гардиши савдои хориҷӣ 3,8 дарсад афзуд»

№98 (4048) 15.08.2019

ОМОР (3)- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, вазифаҳои барои нимсолаи якуми соли 2019 пешгузоштаро иҷро намуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони агентӣ 4908 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад, — иброз дошт зимни  он нишасти матбуотӣ (2 август) директори Гулнора Ҳасанзода.

Ӯ гуфт, ки дар давраи зикршуда корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 11923,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои муқоисавӣ) 12,5 дарсад зиёд аст. Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 2150,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагӣ 7789,9 миллион сомониро ташкил дод. Гардиши савдои хориҷӣ ба 2136,9 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 дарсад ё 77,3 миллион доллар зиёд мебошад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки тибқи банди 2-юми протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 корҳои батартибдарории кӯчаҳо дар ҷумҳурӣ 96,6 дарсад, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 78,3, вилояти Суғд – 96,6, вилояти Хатлон – 99, шаҳри Душанбе – 97,8 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 95,2 дарсад иҷро гардид. Рақамгузории биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии шаҳр, шаҳрак ва деҳаҳои калон дар сатҳи ҷумҳурӣ 95,8 дарсад, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 66,2, вилояти Суғд – 96,9, вилояти Хатлон – 97, шаҳри Душанбе – 95,4 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 93,7 дарсад ба анҷом расид.

 Р. УМАР,

«Садои мардум»