Нишастҳои матбуотӣ

Хайриддин Идиев: «ДДФСТ мактаби маҳорату истеъдодҳост»

№90 (3727) 27.07.2017

- Ба донишҷӯён ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар Ҳошим Гадо, Тағоймурод Розиқов, Давлати Убайдулло ва амсоли инҳо, ки дар Федератсияи Россия таҳсил кардаанду аз мактаби бузурги ҳунарии Константин Станиславский таълим гирифтаанд, дарс мегӯянд, — таъкид кард зимни нишасти матбуотӣ 20 июл ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев.

Воқеан ҳам, донишкада пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони баланд­пояи соҳаи фарҳангу ­санъат ба ҳисоб меравад. Дар он 5 факулта амал намуда, аз рӯи 16 ихтисос мутахассисон омода мешаванд.

Дар шаш моҳи соли равон устодону донишҷӯён бо фаъо­лияти густарда тавонис­танд донишу малака ва ҳунару истеъдодашонро нишон диҳанд. Намоишномаи «Заҳҳок» аз рӯи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби хатмкунандагони шуъбаи актёрӣ дар Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби санъатшиносон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт. Ба ҷуз ин, дар донишкада ансамблҳои «Шашмақомсароён» ва «Бонувон» амал мекунанд, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъоланд.

Моҳи апрели соли равон даври ҷамъбастии Фестивал – озмуни донишҷӯён миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавони эҷодкор баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни донишкада Олимшо Хуҷамов ва Муслима Набиева ширкат варзида, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Донишкада низ барои ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ бо Ҷоми «Ситора» қадрдонӣ шуд.

Сарвари донишкада иброз дошт, ки устодону донишҷӯён дар корҳои маданӣ – равшаннамоӣ ва ҷамъиятӣ низ ­фаъоланд. Масалан, бахшида ба «Рӯзи пойтахт» бо ибтикори Бахши ҷавонони донишкада, ки фарогири мавзӯъҳои ваҳдату ягонагӣ, худшиносии милливу зебоипарастӣ буд, барномаи мукаммали консертӣ баргузор гашт. 22 апрели соли равон донишҷӯён дар Боғи ба номи Рӯдакӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баромад намуда, табъи истироҳаткунандагонро болида гардониданд.

Моҳи май ба хотири таҷлили Рӯзи «Шашмақом» дар толори консертии донишкада консерти Ансамбли шашмақомсароёни факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ баргузор гардид, ки он тавассути телевизионҳои ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

ВОРИС,

«Садои мардум»