Аз нишастҳои матбуотӣ

Хатлон. Рӯзноманигорон қадрдонӣ шуданд

№22 (4128) 18.02.2020

ХакимзодаРаиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 7-уми феврали соли равон баргузор гардид, изҳор дошт, ки соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, соли 2018 — ум 1061 ва соли гузашта 2474 иншооти таъиноти гуногун бунёд намуданд. Аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд.

Зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ин ҷашни фархунда дар ҳудуди вилоят сохтмону азнавсозии 7 400 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 50 фоизи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 90 корхона ва коргоҳи замонавии саноатӣ бо 865 ҷои кор сохта, ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ бошад, сохтмони боз 112 адад иншоот бо таъсиси 1 637 ҷои корӣ дар нақша аст. Раиси вилоят дар мавриди дастгирии молиявии нашрияҳо изҳори андеша намуда, қайд кард, ки дастгирию ҳавасмандгардонӣ нисбати рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятию маҳаллӣ минбаъд низ идома меёбанд. Бо мақсади ҳавасмандгардонии рӯзноманигорон якчанд озмун, аз ҷумла, барои дарёфти ҷоизаи раиси вилоят — «Неруи сухан» аз рӯи ҳафт номинатсия — озмуни «Тоҷикистон — хонаи ободи мо» эълон гардидааст, ки рӯзноманигорон метавонанд дар онҳо ширкат варзида, соҳиби ҷоиза гарданд.

Рӯзноманигорон ба раиси вилоят оид ба ҳифзи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, танқисии сокинони деҳот аз оби ошомиданӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пардохт нашудани маоши кормандон дар корхонаи «Нуриҳои Осиё», вокунишҳо ба маводи таҳлилию танқидӣ, бо тухмиҳои аълосифат таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакор, омодагии шаҳри Бохтар ба Наврӯзи байналмилалӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ суол пешниҳод карда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар фарҷом 21 собиқадори матбуот ва журналисти фаъол барои саҳми арзанда дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳо, тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сипоснома ва мукофот сарфароз гардиданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»