Аз нишастҳои матбуотӣ

Хатмкунандагон ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд

№91 (4041) 27.07.2019

rektor- Тибқи шартнома аз оғози соли нави хониш 10 донишҷӯи мо дар Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 10 донишҷӯйи ин донишгоҳ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, — зикр кард ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъа­ти Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Усмон зимни нишасти матбуотӣ, ки 23 июли соли равон баргузор шуд.

Бино ба гуфти ӯ, пас аз хуб гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 довталаби кишвари ҳамсоя соли таҳсили 2018-2019 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуданд. Имсол низ шумораи довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд аст. Айни замон 23 нафар хоҳиши донишҷӯи донишкада шуданро дорад.

Алҳол донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Турк­манистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад.

Соли равон донишкадаро 399 нафар хатм намудаанд. Аз ин шумора 26 нафар соҳиби дипломи сурх гардиданд. Тибқи тақсимот 151 хатмкардаи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, ки ба тариқи буҷавӣ ва Квотаи президентӣ таҳсил менамуданд, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»