Аз нишастҳои матбуотӣ

Хоҳишмандони ҳамкорӣ бо МТС меафзояд

№93 (3887) 02.08.2018

DSC_0161Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 30 гузориши таҳлилӣ, иттилоотиву таҳлилӣ дар ҳаҷми 219 саҳифа пешниҳод кард. Ин нуктаро 30 июли соли ҷорӣ директори маркази мазкур Худобердӣ Холиқназар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Номбурда зикр кард, ки ин пешниҳодҳо натиҷаи тадқиқоти кормандони раёсатҳои марказ аст, ки бештар ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҷумҳурӣ равона шудаанд.

Қайд гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои таҳлилии мамлакатҳои зиёди олам робитаҳои хуби дуҷониба дорад. Дар нимсолаи аввали соли 2018 теъдоди давлатҳое, ки мехоҳанд бо марказ муносибат ва ҳамкориро бештар кунанд, хеле афзуд. Танҳо аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ду маркази иттилоотӣ омодагӣ нишон доданд, ки бо мо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

- Соли равон мо Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба имзо расонидем. Инчунин, дар назар аст, ки Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расад, — афзуд Худобердӣ Холиқназар.

- Алҳол, — гуфт ӯ, — МТС бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша робитаҳои  хуби корӣ ва илмӣ дорад.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»