Аз нишастҳои матбуотӣ

Холмурод РАҲМОН: «ҳолати 11,09 ҳазор гектар замини обӣ бо харҷи 9,8 миллион сомонӣ беҳтар карда шуд»

№17 (3967) 12.02.2019

Аген Бехдошти Замин ва Обёри-1Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон шашуми феврал зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ки соли 2018 лоиҳаи «Барномаи давлатии беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ва «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ» таҳия гардид, ки айни замон дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад. Номбурда зикр кард, ки новобаста аз мушкили ҷойдошта дар самти маблағгузории соҳа мавсими обдиҳӣ муташаккилона доир шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 47082 истифодабарандаи об барои хизмати обрасонии 551651 гектар шартнома баста, 4,3 миллиард метри кубӣ об бо арзиши 79,48 миллион сомонӣ ба онҳо расонида шуд, ки ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замини обӣ 7,8 ҳазор метри кубӣ об рост меояд.

- То якуми январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 37014 гектар замини ғайриқаноатбахши кишоварзӣ ба қайд гирифта шуд.Соли гузашта ҳолати 11,09 ҳазор гектар замини обӣ бо харҷи 9,8 миллион сомонӣ беҳтар карда шуд. Ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» 577 га замини нав аз худ гардид, — зикр кард Холмурод Раҳмон.

Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда дар мавзеъҳои осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии мубориза бар зидди селу обхезӣ ва тоза намудани маҷрои сою дарёҳо ба роҳ монда, бо ин мақсад 27 миллион сомонӣ сарф шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»