Аз нишастҳои матбуотӣ

Хуршед ИКРОМӢ: «Зиёда аз 45 дарсади довталабон духтаронанд»

№98 (4048) 15.08.2019

ММТСоли ҷорӣ бақайдгирии дов­талабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар ду марҳила – асосӣ (аз якуми март то 30 апрел) ва иловагӣ (аз 10 то 30-юми июн) гузаронида шуд.  Барои дохилшавӣ 94754 довталаб аз қайд гузаштанд, ки 42875 нафар ё 45,25 дарсадаш духтарон мебошанд. Аз ин хусус панҷуми август зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хуршед Икромӣ маълумот дод.

Ӯ зикр кард, ки шумораи довталабони марҳалаи асосии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2019 номнависшуда 127,31 дарсади шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2019-2020 ҷудошударо ташкил медиҳад. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, шумораи бештари довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) рост меоянд, ки он 175,18 дарсади нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ба 79,55 дарсади шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст.

- Соли ҷорӣ қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) тавассути ИМД ба роҳ монда шуд. Дар ду марҳилаи бақайдгирӣ 9142 довталаб аз қайд гузаштанд. Миқдори бештари довталабон ба ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) рост меояд, ки ба 203,96 дарсад баробар аст, — афзуд Хуршед Икромӣ.

Р. УМАР,

«Садои мардум»