Аз нишастҳои матбуотӣ

Хуршед ЗИЁӢ: «Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тавсеа ёфт»

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_3105- Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 зиёда аз 120 пешниҳод, гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро дар ҳаҷми 1052 саҳифа омода ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатии дахлдор пешниҳод карданд,- гуфт директори он Хуршед Зиёӣ дар нишасти матбуотӣ.

Дар Шӯрои илмии марказ 23 нафар, аз ҷумла, 13 доктор ва 4 номзади илм фаъолият доранд.

Роҳбарият ва мутахассисони марказ ба ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва раванди таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав шомиланд.

- Соли 2020 ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ тавсеа бахшида, кормандони марказ дар машварати корӣ доир ба омодагӣ ба баргузории нишасти сеюми Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба солгарди қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди уствор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ба таври онлайн ширкат намуданд. Ҳамчунин, дар даҳ чорабинии илмии байналмилалӣ, аз қабили конфронсҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби «Як камарбанд, як роҳ», «Ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои АвруОсиё дар пасманзари пандемияи коронавирус: имконият ва мушкилот» иштирок ва маърӯза карданд, — гуфт дар охир Хуршед Зиёӣ.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»