Аз нишастҳои матбуотӣ

Хуршед Зиёӣ: «Фаъолияти МТС пурсамар буд»

№91 (4196) 28.07.2020

МТС- (1)- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин,  такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  менамояд, — иброз дошт директори Марказ Хуршед Зиёӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 24 июл баргузор гардид.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  дар Марказ аз Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон 43 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе — 8,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  -11,  Донишкадаи  сайё­ҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон — 8, Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон — 2, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 13, дар маҷмӯъ 85 донишҷӯ  таҷриба омӯхтанд.

Маълум гардид, ки бо сабаби густариши пандемияи  COVID — 19 чорабиниҳои илмию амалӣ сари вақт баргузор нашуда, кормандон дар  веб — машварати корӣ  доир  ба омодагӣ  ба баргузории нишасти сеюми форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба  солгарди қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ширкат варзиданд.  Кормандони МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндус­тон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон,  робитаи  хуби корӣ доранд.

Дар давраи зикршуда шумораи якуми маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» бо 24 мақола ва шумораи дуюми он  бо  26 мақола чоп гардид.

Сомонаи интернетии Марказ низ ғанӣ буда, дар он 280 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шуданд.

ВОРИС, «Садои мардум»