Аз нишастҳои матбуотӣ

Иқлими қатар барои сохтмончиёни тоҷик мувофиқ нест

№92 (4042) 30.07.2019

Муовини Вазорати МехнатДар нишасти матбуотии 25 июли соли ҷорӣ баргузорнамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин иттилоъ доданд, ки дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ баимзорасида муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Қатар барои фаъолият дар меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва соҳаи технологияи компютерӣ сафарбар мешаванд.

Барои дар сохтмонҳои Қатар фаъолият кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мувофиқа ҳосил нашуд, зеро иқлими ин кишвар гарму рутубатнок буда, барои ҳамватанон мувофиқ нест. Роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ зикр гардид, ки 17 апрели соли ҷорӣ зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба имзо расид. Айни ҳол кор дар самти гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба тасдиқи ин санад идома дорад. Бино ба маълумотномаи пешниҳодкардаи вазорати зикршуда, муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 037 нафар (19 фоиз) зиёд шудааст.

Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинов қайд кард, ки ҷиҳати такмили низоми қонунгузории соҳа 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид.

Инчунин, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 4760 қонунвайронкунӣ ошкор ва гунаҳгорон муҷозот карда шуданд.

Умуман, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 78963 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 57203 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта, ба 33949 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»