Аз нишастҳои матбуотӣ

Идигул ҚОСИМЗОДА: «Шумораи занони мансабдор меафзояд»

№21 (3971) 21.02.2019

Кум Зонон- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 фаъолияти пурсамар дошт, — гуфт раиси он Идигул Қосимзода дар нишасти матбуотие, ки 13 феврал баргузор гардид. Ӯ таъкид сохт, ки иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020, «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023», Консепсияи рушди оила таъмин гардид.

Бино ба гуфти ӯ, теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон то 1 январи соли 2019-ум 4441 нафарро ташкил дод. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 2923 зан кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб кадрҳои роҳбарикунанда 511 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 299, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 231 нафар зан ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд. Ин шаҳодат медиҳад, ки шумораи занони мансабдор дар ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз меафзояд.

- Дар самти риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», пойдории оила ва солимии ҷомеа, тарғиби фарҳанг ва сарулибоси миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, 47 суҳбати гирди миз ва конференсия, 180 вохӯриву мулоқот, 42 семинару тренинги омӯзишӣ, маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор шуданд, — гуфт ӯ.

ВОРИС,

 «Садои мардум»