Аз нишастҳои матбуотӣ

Ихтирои дастгоҳи беназири соҳаи тиб аз ҷониби олимони тоҷик

№5 (3642) 18.01.2017

АКАДЕМИЯИ ИЛМХО (1)Тавре олимон исбот кардаанд, минтақае, ки дар он неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Роғун» сохта мешавад, аз нуқтаи назари сейсмологӣ бехатар мебошанд. Дар ин минтақа  дар 100 соли охир  ягон заминларзаи аз 7 бал зиёд ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ (12 январ) зикр кард. Номбурда, ҳамчунин гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 47 пойгоҳи сейсмологӣ мавҷуд буд, ки  қисми зиёди он дар давраҳои гуногун аз фаъолият монд.  Давоми чанд соли охир ин пойгоҳҳо тадриҷан барқарор шуда истодаанд. Танҳо моҳи декабри соли гузашта чор пойгоҳи сейсмологӣ барқарор шудааст.

Бино ба гуфти ӯ, яке аз рӯйдоди муҳими соли сипаришуда барои илми тоҷик ба фаъолият шурӯъ кардани  Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизика ва пойгоҳи зилзиласанҷии «Симиганҷ»-и Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо мебошад.

Соли 2016 аз тарафи олимони Академияи илмҳо  15 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як патенти АвроОсиё барои  ихтироот, 8 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Барои истифода дар истеҳсолот 20 коркарди олимони Академия пешниҳод гардидааст. Фарҳод Раҳимӣ, ҳамчунин аз ихтирои дастгоҳи  нодири креохирургӣ аз ҷониби олимони Академияи илмҳо дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои бартараф кардани омос истифода мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»