Аз нишастҳои матбуотӣ

Имсол 2511 иншоот бо гармӣ таъмин мешавад

№91 (4196) 28.07.2020

DSC_0594- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли  2020,  №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва қарори раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 иншоот ба нақша гирифта шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 24 июл муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.

Дар ин давра бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ тавассути Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иҷрои корҳои сохтмонӣ — васл­гарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоот дар ҳаҷми 310,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби гранти давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуд. Айни замон корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 3079 нақлиёти мусофирбари умум, аз ҷумла, 559 нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ, 2520 микроавтобуси сектори хусусӣ ва воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ фаъолият доранд. Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Беларус харидорӣ намудани 100 троллейбуси муосир (беноқил то 15 км ҳаракаткунанда) ба нақша гирифта шуда буд. То ҳол 50 адади он ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»