Нишасти матбуотӣ

Имтиёзҳои гумрукию андозӣ 67 фоизро ташкил додааст

№ 20.07.2016

DSC_0860 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб маълумоти омории мақомоти гумрукро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2016 1 миллиарду 918,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 96,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Беш аз 51 фоизи маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ ба давлатҳои дур рост рмада, вазни қиёсиро дар содирот алюминийи аввалия, маъдани оҳан ва консентрат, фулузот ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва меваю сабзавот ташкил медиҳад.

- Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти мо низ бетаъсир намонд. Бинобар ин, дар ин давра нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ба андозаи 86,7 фоиз иҷро шуд, — изҳор дошт Абдуфаттоҳи Ғоиб. — Таҳлил нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ танҳо аз ҳисоби коҳишёбии арзиш ва миқдори 20 номгӯй моли воридотӣ, ба ҳисоби миёна 377,3 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашуд. Имтиёзҳои гумрукию андозии тибқи қонунгузорӣ пешниҳодшуда бошад, 67 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд.

Аз маълумоти сардори Хадамоти гумрук ҳамчунон аён шуд, ки тули шаш моҳи соли ҷорӣ 2704 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор шуда, 22 ҳолати он ҷиноят мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, воридоти ғайриқонунии ангишт, нуриҳои минералӣ, семент, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, орд, доруворӣ, матоъ, либоса, хӯроки парранда ва ғайра ошкор гардидааст.

 

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»