Аз нишастҳои матбуотӣ

Интиқоли неруи корӣ ба Қатару Аморот низ имконпазир гардид

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4766- То 1 декабри соли 2018 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ 1220, 1 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017- ум 84,93 сомонӣ ё 7,5 фоиз зиёд аст, — гуфт муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ҳафтуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Соли сипаришуда 129681 шаҳрванд ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд, ки ба 55332 нафар расман мақоми бекорӣ дода, 92631 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмӯъ, 63115 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. 722 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор ва 6696 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нурулло Маҳмадуллозода дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дарёфти бозорҳои нави корӣ сухан ронда, зикр кард, ки чанде пеш дар шаҳри Давҳа аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар Юсуф бин Муҳаммад Созишнома дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба давлати Қатар имзо гардид. Пешбинӣ шудааст, ки ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа» дар асоси ихтисос­ҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони кишвари мизбон ба роҳ монда мешавад. Ин гуна шартнома бо Амороти Муттаҳидаи Араб низ мавҷуд аст.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»