Аз нишастҳои матбуотӣ

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе 109 фоиз иҷро гардид

№24 (4286) 23.02.2021

DSC_3982Зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки 18 феврали соли равон баргузор шуд, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии пойтахти кишвар дар соли 2020 гузориш дод. Зикр гардид, ки Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) соли сипаришуда ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеӣ нисбат ба соли 2019-ум 104 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил додааст.

- Рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 104 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 101, гардиши савдо — 102,4, хизматрасонии пулакӣ — 105,5 ва боркашонӣ 109 фоиз таъмин гардид. Аз ҷониби 483 корхонаи саноатӣ, новобаста ба шакли моликият, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш ба 104,1 фоиз баробар гардид. Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 6 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки 105,8 фоизи нишондиҳандаи соли 2019-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ бо нархҳои муқоисавӣ бошад, ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар шуд, — гуфт А. Қурбонзода.

Ҳамчунин, соли 2020 бо ҳама намуди нақлиёт 10,1 миллион тонна ё 9 фоиз бештар аз нишондиҳандаи соли 2019 бор ва 286,7 миллион нафар ё 8 фоиз кам мусофир кашонда шудааст. Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109 фоиз иҷро гардида, 2,1 миллиард сомониро ташкил намуд. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳама соҳаи хизматрасонӣ ба 6,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 бо нархҳои муқоисавӣ 5,5 фоиз бештар мебошад. Таваррум дар сатҳи 9 фоиз нигоҳ дошта шуд.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ чораҳои зарурӣ меандешад, — афзуд Амирхон ­Қурбонзода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»