Аз нишасти матбуотӣ

Исмоилзода Мирзо Иброҳим: «Ба Қирғизистон неруи барқ содирот накардем»

№105 (3585) 09.08.2016

DSC_1114- Бинобар он ки иқтидорҳои саноатӣ дар вилояти Суғд зиёд шуда, пойгоҳҳои обкашӣ фаъолияти мунтазам дош­танд, имсол ба Ҷумҳурии Қирғизистон барқ содирот нагардид, — зикр кард раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим дуюми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли барқ 7,1 миллиард кВт. соатро ташкил дода, сатҳи талафот ба 15,7 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз кам мебошад. Номбурда изҳор дошт, ки баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» то якуми июли соли ҷорӣ дар 13737 воридаҳои истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ, ки дар тавозуни муштариён ва шабакаҳои барқӣ мебошанд, ҳисобкунандаҳои электронӣ насб кард. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ 17573 ҳисобкунаки барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 32763 адади дигар аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷойи намоён бароварда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми неруи барқи ба муштариёни ҷумҳурӣ интиқолшуда ба 6 миллиарду 566,7 миллион кВт. соат ё ба маблағи 843,6 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7 миллион кВт. соат (6,7 миллион сомонӣ) зиёд мебошад.

Ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 663,5 миллион сомонӣ ё 78,7 фоизи маблағи ҳисобшударо ташкил медиҳад. Аз аҳолӣ ҷамъоварии маблағ 80,1 фоизро ташкил дод. Ташкилотҳои буҷетӣ 8,7 миллион сомонӣ маблағи барқи истифодашударо пардохт накарданд.

Исмоилзода Мирзо Иброҳим гуфт, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба уҳдадориҳои молиявии худ 182,8 миллион сомонӣ андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, 103,5 миллион сомонӣ маблағи барқи НБО-и «Сангтӯда-1», 32,2 миллион сомонӣ маблағи барқи НБО «Сангтӯда-2»-ро пардохт намудааст.

Зикр шуд, ки воридшавии об нисбат ба соли гузашта ба дарёи Вахш кам бошад ҳам, барои то сатҳи максималӣ пур шудани обанбори Норак як метри дигар боқӣ мондааст.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»