Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисоббаробаркунӣ 81,95 млн. сомонӣ қарзи андози «Барқи Тоҷик»-ро кам кард

№22 (3816) 20.02.2018

DSC_1184- ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тавозун 13 неругоҳи хурди барқи обӣ дорад. Дар маҷмӯъ, соли 2017 дар НБО-ҳои  хурд 5,6 млн. кВт/соат энергияи барқ истеҳсол шуд, — гуфт раиси ширкати мазкур Мирзо Исмоилзода.

Соли 2017 ширкат 2 млрд. 555,6 кВт/соат энергияи барқ харидорӣ намуд, ки дар муқоиса ба соли 2016-ум 78,7 млн. кВт/соат кам мебошад. Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ соли гузашта нисбат ба соли 2016-ум 20,6 млн. кВт/соат кам гардида, дар маҷмӯъ, ба 1 млрд. 312,3 млн. кВт/соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан 1 млрд. 304,8 млн. кВт/соат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба маблағи 52,3 млн. доллари ИМА содирот гардид, ки нисбат ба соли 2016-ум 14,0 млн. кВт/ соат кам мебошад.

Тарифи миёнаи фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ соли 2017 ба 15,86 дирам барои 1 кВт/соат баробар шуд, ки 2,9 дирам нисбат ба соли 2016 зиёд мебошад.

- Мушкили асосии соҳа сари вақт пардохт нагардидани маблағи истифодаи неруи барқ аз тарафи истифодабарандагон мебошад, – иброз намуд раиси ширкати мазкур. «Барқи Тоҷик», дар маҷмӯъ, ба маблағи 333,4 млн. сомонӣ андоз пардохт намуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 45,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 қарзи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба маблағи 81,95 млн. сомонӣ тариқи ҳисоббаробаркунии қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуд, — гуфт Мирзо Исмоилзода.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»