Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. Дар «Харбуза» Оши палав мепазанд

№22 (4128) 18.02.2020

DSC01597Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор соли 2019 фаъолияти хешро ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати баланд бардоштани иқтисодиёт, хусусан, тавассути истеҳсоли молҳои саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра равона намуд. Аз ин хусус раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва таъкид намуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ барзиёд иҷро гардид.

- Рушди соҳибкорӣ ва мусоидат ба он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буд.  Ба ин хотир, соли гузашта ба воситаи бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ  ба 15893 шаҳрванд барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ 183,3 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли пеш 31,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раис ва афзуд:

- Бо дастгирии шахсони саховатманд ва аҳолӣ таъмири манзилҳои истиқоматии шахсони яккаю танҳо, маъюбон ва оилаҳои камбизоат анҷом дода шуд ва ин амали хайру савоб, ки имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, минбаъд низ идома меёбад.

Аз гузориши раис, маълум шуд, ки соли гузашта хоҷагиҳои коллективию инфиродӣ назар ба соли 2018 бештар ангур, зардолу, шафтолу, гелос, себ, олу, лимӯ, пиёз, карам ва қаламфур истеҳсол кардаанд. Дар ҳудуди шаҳр боз 15 сардхонаи замонавӣ бунёд шудааст, ки барои ҷойгиркунии зиёда аз 6185 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият доранд.

Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр нақшаи амал таҳия ва тасдиқ гардидааст. Айни ҳол барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд. Аз ҷумла, соли гузашта 8 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд, ки айни замон фаъолият доранд.

Ба саволи хабарнигори рӯзнома оид ба самаранок истифода нашудани маркази хизмат­расонии «Харбуза», ки бахшида ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор мавриди истифода қарор  гирифта буд, раиси шаҳр изҳор дошт, ки дар он ҷо маркази «Оши палав» таъсис меёбад.

Абдумаҷид  МУРОДОВ, «Садои мардум»