Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. Кишоварзон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд

№22 (3816) 20.02.2018

DSC02745Соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор бе андози иҷтимоӣ 102 фоиз ва қисми хароҷот 100 фоиз иҷро гардид, ки мутаносибан нисбат ба соли 2016-ум 2 миллиону 138 ҳазор ва 13 миллиону 530 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Вазъи соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт ва муассисаҳои коммуналӣ низ беҳтар гардид. Инчунин, 54 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 169,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки нисбат ба як соли пеш 71,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, дар маҷмӯъ 39 миллиону 500 ҳазор дона хишти пухта истеҳсол намуданд.

Дар баробари ин, сохтмони 30 иншооти таъиноташон гуногун идома дорад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 444 аз 2 сентябри соли 2010 оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ лоиҳаи ҷойгиркунонии аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди деҳоти «Сомон» ва «Дурбат» таҳия гардида, ба нақшаи генералии шаҳр ворид карда шуд.

Асоси хоҷагии халқи шаҳри Ҳисорро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад ва беш аз 70 фоизи даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳамин соҳа рост меояд. Соли 2017 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ба 654 миллиону 396 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст.

Кишоварзон соли гузашта дар майдони 1002 гектар кишти пахта гузаронида, 2565 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 108,5 фоизи нақша баробар мебошад.

Ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин 30 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 16 дастгоҳи адрасбофӣ аз ҷониби соҳибкорон ворид ва мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо беш аз 400 нафар ҳунар омӯхта истодаанд.

Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ (13 феврали соли 2018) иттилоъ дод.

 М. ЗОКИР,

«Садои мардум»