Аз нишастҳои матбуотӣ

ҲИСОР. Кишти пахта кам шуд

№98 (4048) 15.08.2019

DSC01597 (1)Дар нимсолаи якуми соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15 фоиз, кишоварзӣ — 5,7, гардиши савдои чакана — 41,7 ва хизматрасонии пулакӣ 4,9 фоиз афзуд. Дар ин давра нақшаи даромади буҷети шаҳр 104,5 фоиз таъмин гардид. Нақшаи воридоти андози маҳаллӣ 103,4 фоиз иҷро шуд, вале  андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард иҷро нагардид, — гуфт зимни нишас­ти матбуотӣ (30 июл) раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли равон дар 2500 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки аз нақшаи умумӣ 500 гектар кам аст. Масъулини шаҳр сабаби инро дар бориши зиёди борон  ва такроран кишт кардани чигит медонанд.

Шарифҷон Ҷумазода, ҳамчунин, иброз дошт, ки айни замон дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 87 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла, 8 ёдгории монументалӣ, 12 меъморӣ ва 67 археологӣ мавҷуд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон аз Мамнуъгоҳи таърихӣ — кишваршиносии Қалъаи Ҳисор 20835 нафар дидан намудаанд, ки 3368 нафарашро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»