Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо зиёд гардид

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3937Бо мақсади дар давраи зимис­тону аввали баҳор таъмин кардани аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза майдони гармхонаҳо дар кишвар сол то сол меафзояд. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иза­тулло Сатторӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 28 январи соли равон доир гашт, иброз дошт, ки соли сипаришуда дар 68,94 гектар гармхона кишти сабзавот гузаронида шуда, аз онҳо 1619, 1 тонна сабзавот рӯёнида шуд. Ин нисбат ба соли 2017- ум 197,7 тонна зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор соҳибкороне ҳастанд, ки бо истифода аз усули гидропоника (парвариши сабзавот дар маҳлулҳои ғизодор) ҳосили баланд мерӯёнанд.

Имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи картошка нисбат ба соли қаблӣ як баробар арзонтар аст. Зеро соли 2018 дар ҷумҳурӣ дар 32226 гектар картошка кишт карда шуд, ки нисбат ба соли 2017 — ум 9256 гектар зиёд мебошад.

- Соли гузашта дар ҳама шакли хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 295677 тонна, пахта — 300359, картошка — 964635, сабзавот — 2119396, мева — 447731 ва ангур 241790 тонна расонда шуд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дар маҷмӯъ, 136900 тоннаро ташкил дод, — гуфт номбурда.

Инчунин, маҳсулоти кишоварзии мамлакат соли сипаришуда ба 25 кишвар содирот гардида, таваҷҷуҳ ба меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар хориҷи кишвар торафт меафзояд. Бо мақсади мубориза бар зидди зараррасонҳо бо усули биологӣ соли сипаришуда дар 77445 гектар ҳашароти фоидаовар истифода бурда шуд.

Дар рушди соҳаи кишоварзӣ истифода аз техникаи пуриқтидору каммасраф нақши муҳим мебозад. Ин буд, ки соли 2018 аз ҷониби КВДҶ «Тоҷикагролизинг», ба 200 хоҷагии деҳқонӣ 237 трактори гуногунтамға ва 455 мошинолоти кишоварзӣ дар асоси иҷораи молиявӣ (лизинг) ­дастрас гардид.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»