Аз нишастҳои матбуотӣ

Истихроҷи нефт зиёд ва гази табиӣ кам шуд

№88 (3882) 19.07.2018

DSC_8997Нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 9 миллиарду 517,9 миллион кВт.соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 351,5 миллион кВт.соат зиёд буда, баробари 103,8 дарсади нақша аст. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон Усмоналӣ Усмонзода 16 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Бино ба гуфти ӯ, дар давраи зикршуда 1 миллиарду 237,6 миллион кВт.соат неруи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 585,4 миллион кВт.соат зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат фаъолиятро дар доираи 10 лоиҳаи сармоягузории соҳа, аз ҷумла, лоиҳаҳои «Минтақавии интиқоли барқ», «Сохтмони ХИБ 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», «Сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди НБО-и «Сарбанд», «Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Равшан», «Беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», «Таҷдиди неругоҳи барқи обии хурди «Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб ва «Сохтмони зеристгоҳ ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ барои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тавсеа бахшид. Бо ин мақсад 841,6 миллион доллари ИМА — 350,7 миллион доллар маблағҳои грантӣ, 447,8 миллион доллар қарз, 20,3 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22,8 миллион доллар саҳми бахши хусусӣ ҷалб гардидааст.

Инчунин, дар кишвар 11832 тонна нефт истихроҷ шуд, ки нисбат ба як соли пеш 62 тонна зиёд мебошад. Аммо истихроҷи гази табиӣ 537 ҳазор метри кубиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 288 метри кубӣ кам аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»