Аз нишастҳои матбуотӣ

Иззатулло САИДЗОДА:«Шаҳрвандон бештар барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат карданд»

№16 (3966) 09.02.2019

ММКДиректори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 4 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, гуфт, ки соли 2018 ба 106 лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва дигар санадҳои байналмилалӣ 805  хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд.

Дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунанда мақолаҳо, китобҳо ва тафсири як қатор қонунҳо, аз ҷумла, «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тафсири Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», инчунин, «Тавсияҳои илмӣ-амалӣ оид ба ташкил намудани кор бо муроҷиатҳои шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот, муассиса ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Механизмҳои байналмилалӣ ва дохилии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» нашр шуд.

Мавсуф афзуд, ки 203 мақолаи илмӣ-оммавии кормандони марказ дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, чор шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии «Қонунгузорӣ», ки моҳи майи соли 2018 ба феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, нашр гардид. Ҳамчунин, кормандони марказ дар 46 гурӯҳи кории вазорату идораҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 205 конференсияи илмӣ-амалӣ, форум ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва баромад карданд.

Ба марказ 199 муроҷиати  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуд, ки моҳиятан ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, муқаррароти қонунгузорӣ ва дастрас кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ алоқаманд буданд.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»