Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб. Бунёди 766 иншоот дар назар аст

№94 (4044) 03.08.2019

b0505e3f-27d4-492e-acb6-521cd6dc3e8e- Дар шаш моҳи соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 104,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 миллион сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ (30 июл) раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром.

- Дар ин давра 22 корхона фаъолияти густурда доштанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Комбинати хонасозӣ», ҶСК «Сомон Кӯлоб таҷҳизот», «Суғдиён» (Комбинати орд), ҶДММ «Иборатмоҳ», ҶДММ «Орзу-2004» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Инчунин, КМ «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва 80 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин ва ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, — гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 144 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 590 тоннаро ташкил дод.

- Тибқи нақша, — афзуд Иноятзода Баҳром, — ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 766 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр — 158, деҳоти Зарбдор — 156, Кӯлоб — 91, Зиракӣ — 208 ва Даҳана 153 иншоот бунёд мегардад.

И. РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»