Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӣ сармоягузори шоҳроҳи Ишкошим – Чатрол мешавад?

№94 (3888) 04.08.2018

СармоягузорСоли 2010 вазири сармоягузории Покистон Салим Мандвивала ҳангоми сафари корӣ ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки роҳбарияти кишвараш ҳавасманди бунёди роҳ аз ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон то Чатроли Покистон аст. Мувофиқи лоиҳа шоҳроҳи мазкур наздиктарин масир аз Осиёи Марказӣ ба Покистон буда, 200 километрро дар бар хоҳад гирифт. Бунёди ин роҳ на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Афғонистону Покистон, балки кишварҳои минтақа ва Аврупои Шарқӣ буда, баҳри бо нақлиёти заминӣ нисбатан бехатар ба Покистону Хитой расидан кумак мерасонад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки лоиҳаи роҳи мазкур, ҳамчунин кашидани хати барқу роҳи оҳанро низ дар бар гирифта, барои ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорони хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» мусоидат хоҳад кард. Лоиҳа интизори сармоягузор аст. Аз лоиҳаҳои мавриди татбиқ қарордошта 14 – тоаш ва 76 фоизи сандуқи қарзиашон ба соҳаи нақлиёт рост меояд.

- Айни ҳол дар сармояи оинномавии 117 ҷамъияти саҳомӣ – 100 фоизи саҳмияҳо, дар 24 ҷамъияти саҳомӣ аз 25 то 95 фоизи саҳм ва дар 4 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди муштарак аз 25 то 51 фоизи ҳисса ба давлат тааллуқ дорад, — гуфт Фаррух Ҳамрализода. – Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи соли равон воридоти умумии сармояи хориҷӣ 3,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15472 адад ё 5,2 фоиз афзуд.

 Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»