Нишастҳои матбуотӣ

Камбудиҳо аз фаъолияти ғайриқаноатбахши масъулон ба миён меоянд

№90 (3727) 27.07.2017

DSC01412- Таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, барои сокинони он ифтихори бузург буд. Сарвари давлат дар расми ба истифода додани бинои истиқоматии 20-ошёна, бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст, варзишгоҳи боҳашамати дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст, Парчами миллӣ ва Корхонаи коркарди меваю сабзавот иштирок карданд, — гуфт муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Абдувосӣ Ятимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 19 июли соли равон баргузор гардид.

- Айни замон сохтмони се бинои истиқоматии 13-ошёна, ҳафт бинои истиқоматии панҷошёна, биноҳои дорухона, маркази саломатӣ, ташхиси табобатӣ ва мағоза бомаром идома доранд, ки анҷоми онҳо то ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, — афзуд ӯ.

Абдувосӣ Ятимзода бо таассуф зикр кард, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ 71 миллиону 744 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 31 миллиону 920 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сабабаш бо иқтидори пурра фаъолият накардани ҶДММ «Тоҷ Чайна», ҶДММ «Покруд» ва фаъолият накардани 23 коргоҳу корхона ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кардани 22 корхонаи дигар мебошад. Танҳо ҶДММ «Тоҷ-Чайна» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллиону 330 ҳазор сомонӣ кам кардааст, ки ин ба иҷрои қисми даромади буҷети шаҳр низ таъсир расонид. Аз ин рӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷамъи даромади буҷаи маҳаллӣ 58 миллиону 0,40 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 95 фоизи нақша мебошад. Қисми хароҷоти буҷет бошад, ба маблағи 57 миллиону 765 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 75 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Аз нуҳ намуди андози маҳаллӣ се намуди он, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони қаъри замин ба маблағи 10 миллиону 424 ҳазор сомонӣ, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба маблағи 1 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 15 миллиону 842 ҳазор сомонӣ иҷро нашуд. Бақия­пулиҳои қарзи андоз 16 миллиону 167 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 115 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар шаш моҳи сипаришуда кишоварзон ба маб­лағи 166 миллиону 175 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 366 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Айни замон ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавоти барвақтӣ, картошка ва меваҳо идома дорад ва дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронида истодаанд.

Абдувосӣ Ятимзода ба соҳаи тиб дахл намуда, изҳор дошт, ки айни замон муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бо 38,8 фоиз табибони оилавӣ ва 21,4 фоиз ҳамшираҳои шафқати оилавӣ таъмин мебошанд, ки хеле ташвишовар аст.

Масъулони шаҳр дар ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон оид ба масъалаҳои истифодабарии ғайримақсадноки замин, вазъи ғайрисанитарии кӯчаҳои шаҳр ва атрофи бозори марказӣ, ифлосшавии оби дарёи Кофарниҳон, сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаи тиб, маориф ва нафақа, фаъолияти ғайриқаноатбахши вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оҷиз монданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»