Аз нишастҳои матбуотӣ

Камшавии қонуншиканӣ ба муҳимияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рабт дорад

№98 (4048) 15.08.2019

Раиси ЛАХШ- Дар шаш моҳи соли 2019 корхонаҳои саноатӣ ба маб­лағи 5 миллиону 868,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 106,9 ҳазор. сомонӣ зиёд аст, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода.

Маҷмӯи умумии даромади кишоварзон 21 миллиону 650,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли гузашта 633,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи 2800 гектари пешбинигардида дар 3147 гектар картошка кишт шуд. Ба картошкапарварон аз Федератсияи Россия 60 тонна тухмии хушсифат дастрас шуд, ки ҳосили он хуб аст.

Чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, саршумори чорвои калон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 28327 сар буда, аз он 16224 сарро модагов ташкил медиҳад.

Теъдоди чорвои майда 134283 — то буда, саршумори қутос нисбат ба соли гузашта 99 сар зиёд шуд.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида шуда, 103 комиссияи доимию ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд.

- Дар шаш моҳи соли равон якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 98 санҷиши муштараки фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳоро доир намуда, як ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Ин далели возеҳи он аст, ки мардум моҳияти қонунро дарк карда, дар иҷрои он собитқадаманд, — гуфт дар фарҷом Ф. Баротзода.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»