Аз нишастҳои матбуотӣ

«Кохи Наврӯз» муъҷизаи муосир эътироф шуд

№93 (4043) 01.08.2019

Сайёхи (2)Дар давоми шаш моҳи соли равон ба 19 ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дода шуд. Айни замон 173 ширкат фаъолият дорад, ки нисбат ба як соли пеш 59 адад зиёд мебошад. Ин гуфтаҳо аз забони раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода 26 июли соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ садо дод.

Номбурда доир ба корҳои тарғиботӣ маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки аз 6 то 10 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон 53-юмин Намоишгоҳи байналмилалии «ITB-Berlin» баргузор гардид, ки дар он гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар масоҳати 40 метри мураббаъ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ 20 ширкати сайёҳӣ хизматрасониҳояшонро ба тамошо гузош­танд. Дар доираи намоишгоҳ, ҳамчунин, озмуни «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» баргузор гардид, ки кӯҳҳои Помир ба садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ҳамчунин, дар ин ҷо байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ зиёда аз 406 мулоқоту вохӯрӣ баргузор ва 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

21 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ба муносибати рӯзи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай лоиҳаи иқтидори сайёҳии кишварҳои аъзо таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ» муаррифӣ карда шуд. Боиси фараҳмандист, ки дар ин чорабинӣ «Кохи Наврӯз» муъҷизаи муосир эътироф ва ба ҳаштгона ворид гардид.

Нуъмон Абдуғаффорзода доир ба мавқеи кишвар дар раддабандиҳо сухан ронда, гуфт, ки аввали соли 2019 нашрияи бонуфузи байналмилалии «Financia Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое ворид кард, ки боздид аз онҳоро тавсия медиҳад. Кишвари мо дар ин ҳаштгона ҷойи шашумро ишғол намуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»