Аз нишастҳои матбуотӣ

Лампаҳои светодиодӣ нисбат ба симобдор бехатаранд

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_0077Дар мамлакат 1058 нуқтаи қабули лампаҳои симобдор мавҷуд аст, ки дар онҳо тартиби ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ риоя мешавад. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 16 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар дохили лампаҳои каммасраф миқдори ками симоб мавҷуд бошад ҳам, дар ҳолати шикастан ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи замин ва муомилот бо партови кумита Мақсадулло Мардонов иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон нисбат ба вайронкунандагони муомилот бо партов 100 парвандаи маъмурӣ тартиб дода, аз 67 нафар ба маблағи 17745 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Дар ин мавзӯъ бо аҳолӣ 334 вохӯрӣ гузаронида, таъкид карда шуд, ки бояд мардум лампаҳои симобдори аз истифода баромадаро ба нуқтаҳои қабул супурда, дар оянда аз лампаҳои светодиодӣ истифода баранд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баҳри сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар мамлакат 1 миллиону 811 ҳазору 105 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд, ки нашъунамои аксари онҳо хуб аст. Бо мақсади тоза нигоҳ доштани соҳилҳо ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои об ­аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид, ки дар он 89666 нафар ширкат варзида, 440 километр каналҳои магистралӣ, обанборҳо ва соҳили дарёҳоро тоза карданд.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Саидусмон Судуров зикр намуд, ки ҳоло 60 фоизи ифлосшавии ҳавои атмосфера ба нақлиёт рост меояд. Фоизи боқимондаро соҳаҳои кишоварзию саноат ташкил медиҳанд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум».