Нишасти матбуотӣ

Маҳмадсаид Шоҳиён: Матбуот пуле миёни мардум ва ҳукумат аст

№ 19.07.2016

Нишасти матбуотии  яке аз ниҳодҳои хабарии бонуфуз — Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон аз дигар нишастҳо ба куллӣ фарқ дошт: Аввалан, бо зиёд будани теъдоди иштирокчиёни  нишаст ва сониян ғайриқолабӣ- бидуни қироати маърўза сурат гирифтани он.

Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён нишастро аз саволу љавоб оғоз намуда, дар раванди он минљумла изҳор дошт, ки муҳтавои  барномаҳо пурмазмун шуда, барномаҳои нави иттилоотӣ ва фароғатӣ манзури тамошобинону шунавандагон мегарданд. Телевизион ва радио оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, фаъолияти  корхонаҳои бекормонда, вазъи бади роҳҳо, истифодаи ғайриоқилонаи замин, шароити номусоиди таълим дар мактабҳо, љилавгирӣ аз ҳар гуна  падидаҳои  номатлуб хабару гузоришҳои муфассал пахш мекунад.

Таъсиси Академияи ВАО яке аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати  љумҳурӣ буда, ин ниҳоди таълимӣ дар ояндаи наздик бо мутахассисони варзида ва олимони соҳа таъмин гардида, барои беҳтар кардани сифати  барномаҳо ва болоравии  савияи дониши тахассусии кормандон мусоидат менамояд.

Сифати барномаҳои телевизион, маҳорати суханварӣ, коргардонӣ, дизайнерӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самти хабарнигорӣ, аз љумлаи саволҳои љолиб буд.

Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон барои иштирок ва табодули назар арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки  матбуот пуле миёни мардум ва Ҳукумат аст ва он бояд беолоиш ва ғаразнопазир бошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»