Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳмадшоҳ Гулзода: «64 нафар ДДТТ-ро бо дипломи аъло хатм карданд»

№94 (4044) 03.08.2019

МЕДИНСТИТУТ (1)- Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар 42 давлати дунё, аз ҷумла, Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Исроил, Австрия, Туркия, Яман, давлатҳои Африка… кор карда, обрӯю нуфузи давлату миллатро баланд мебардоранд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори он Гулзода Маҳмадшоҳ.

Номбурда афзуд, ки сарвати донишгоҳ захираи кадрии он ба ҳисоб меравад, ки дар фаъолияти пурсамари 3 академик, 5 узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 85 доктори илм, профессор, 234 номзади илм ва 317 муаллими калон ва ассистент зоҳир мегардад.

Қабули имтиҳону санҷишҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши муҳасиллин дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ аз тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофиятро таъмин менамояд.

Таҳлили натиҷаи сессияҳо нишон дод, ки дар маҷмӯъ сатҳи донишандӯзии донишҷӯён беҳтар шуда, дараҷаи дарсазхудкунӣ 81,2 фоизро дар бар гирифт.

Дар соли таҳсили 2018-2019-ум 99,7 фоизи хатмкунандагон имтиҳонҳоро бомуваффақият супориданд ва донишгоҳро 1556 нафар, аз ҷумла, 64 нафар бо дипломи аъло, 211 кас тибқи Квотаи президентӣ ва 123 донишҷӯи хориҷӣ аз 7 мамлакати дунё хатм намуданд.

Дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар донишгоҳ 15 донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда ва 7 донишҷӯи курси чоруми факултети муолиҷавӣ аз Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия дар семестри баҳории соли ҷорӣ таҳсил карданд. Ҳамчунин, 34 нафар, аз ҷумла, 14 донишҷӯи курсҳои 4 ва 5 факултети тиббӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағандаи Қазоқистон, 8 нафар дар Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия, 2 нафар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Доғис­тон, 10 нафар дар Донишгоҳи Милани Италия дар давраи семестри баҳорӣ дарс омӯхтанд.

ВОРИС, «Садои мардум»