Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳмасаид Шоҳиён аз таҳаввулоти техникӣ ифтихор дорад

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4750- Соли 2018, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва ­радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмасаид Шоҳиён, — шабакаҳои телевизионӣ ва радио чорабиниҳои сатҳи давлативу миллӣ ва байналмилалиро бо истифода аз моҳвора ва хатҳои радиорелеӣ дар ҳаҷми 1920 дақиқа ё 32 соат мустақиман пахш намуданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 100 соат зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, шабакаҳои телевизион ва радио 18 ҳазору 900 соат барномаи гуногунжанр­ро мустақим пешниҳоди тамошобину шунавандагон намуданд.

Студияи сабти сайёри «Телевизиони Тоҷикистон» дар формати пахши дақиқияташ баланд – HD пурра аз нав карда шуд. Он бо 9 камера, 2 квадрокоптер, 1 танзимгоҳ ва дигар таҷҳизоти сабту танзим ҷиҳозонида шудааст. Дар дои­раи таҳаввулоти техникӣ идораҳои телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ВМКБ ва «Телевизиони Кӯлоб» бо таҷҳизоти муосири телевизионӣ таъмин гардиданд.

Илова бар ин, Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон», «Телевизиони Суғд» ба формати дақиқияташ баланд — HD гузаштанд. Телевизион ва радиои вилояти Суғд бо бинои нави иловагӣ таъмин гардид. Дар шаҳри Кӯлоб расонаи нави иттилоотии минтақавии «Радиои Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 76 шабакаи телевизион ва радиои давлативу хусусӣ мавҷуд аст, ки 13-тои он телевизиони давлатӣ, 32 ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 ғайридавлатӣ мебошанд.

Маҳмасаид Шоҳиён таъкид намуд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани зерсохторҳои кумита дар мадди назари роҳбарият қарор дорад. Аз ин рӯ, барои ҷалби мутахассисони ҷавону боистеъдод чор маротиба озмун гузаронида шуд.

ВОРИС,

«Садои мардум»