Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳмуд ТОШМАТОВ: «Неруи зеҳниро самаранок истифода мебарем»

№87 (4037) 20.07.2019

тех- Аз моҳи феврали соли 2019 ба сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як қатор тағйирот ворид карда шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (16 июл) ноиби ректори таълимгоҳ Маҳмуд Тошматов. Номбурда афзуд, ки барои самаранок истифода бурдани неруи зеҳнӣ, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ ва захираҳои молиявии донишгоҳ аз ҳисоби се факултети иқтисодӣ — менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ, иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг, менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ факултетҳои иқтисод, молия ва менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ таъсис дода шуд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки дараҷаи дарсазхудкунӣ соли таҳсили 2018-2019 нисбат ба соли таҳсили 2017-2018 6,8% боло рафт.

Қобили қайд аст, ки бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ дар 6 моҳи сипаришуда бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» ва эълон гардидани саноатикунонии босуръат – ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 110 семинар, конференсияю симпозиуми илмӣ ва илмию амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд.

Донишгоҳ бо 10 донишгоҳи хориҷӣ ва созмони байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, дар доираи барномаи таҳсилотии Иттиҳоди Аврупо Эрасмус + К-1 «Мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон» бо панҷ донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дорад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн ва иштироки фаъолонаи ДТТ дар лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ, аз қабили лоиҳаҳои Барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо, «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон ва дигар барномаҳои грантӣ 28 нафар корманду омӯзгор ва донишҷӯи донишгоҳ имконият пайдо карданд, ки дар семинару тренингҳо, курс­ҳои бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 21 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Hilton» таҳти сарпарастии ташкилоти «Пайванди ҷавонони Тоҷикистон — Enactus» даври финалии озмуни лоиҳаҳои соҳибкории донишҷӯёни Тоҷикистон баргузор гардид. Дастаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо се лоиҳа дар озмун иштирок намуда, соҳиби роҳхат ба «Ҷоми ҷаҳонии Enactus World Cup» гашт, ки дар штати Калифорнияи ИМА баргузор мешавад.

ВОРИС,

«Садои мардум»