Аз нишастҳои матбуотӣ

Мақсад — беҳтар намудани шароити таҳсил

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_5723- Аҳдофи барномаҳои «Фонд­ҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ, барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» (марҳилаи 3 ва 4) ва «Сохт­мони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои фарогири барномаҳо тавассути бунёди мактаб ва таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо мебошад, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ 15 феврали соли равон директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода.

Бино ба гуфти ӯ, дар доираи барномаҳо бо дарназардошти тадбирҳои баландбардории самаранокии энергетикии бино дар марҳилаи 3-юм дар вилояти Хатлон ба истифода додани 17 бинои дуқабатаи нави дорои 6, 8, 10 синфхона, дар марҳилаи 4-ум 12 бинои дуқабатаи дорои 6, 8, 10 синфхона ва дар доираи татбиқи барнома дар минтақаи Рашт эъмори 12 бинои таълимии дорои 8, 10 синфхона пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи сеюм 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муъминобод ва Ш. Шоҳинро дар бар мегирад. Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикободро фаро мегирад.

Зикр гардид, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 7,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 6,7 млн. доллар гранти Ҳукумати Олмон, 0,8 млн. доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 0,1 млн. доллари ИМА аз ҳисоби ҳиссаи аҳолӣ мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»