Аз нишастҳои матбуотӣ

Мактаб бояд манбаи тиҷорат набошад

№5 (3642) 18.01.2017

Копия DSC_0860- Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, хоса фанҳои дақиқ, яке аз мушкилоти соҳа маҳсуб мешавад, вале ин маънои аз нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ танқисӣ  мекашемро надорад. Зиёд будани теъдоди хонандагон тақозо менамояд, ки шумораи муаллимон бештар бошад. Таваҷҷуҳ кунед: Танҳо дар  давоми як соли охир теъдоди хонандагон 53 ҳазору 395 нафар зиёд гардидааст. Омили дигар ҳиҷрати зеҳнҳост.

Чунин буд муҳтавои посухи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба саволи хабарнигорон  зимни нишасти матбуотӣ, ки  9 январи соли 2017 доир гардид. Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 837 762 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Мактабиён соли гузашта дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъо­лона иштирок карда, сазовори як шоҳҷоиза (Гран-при) ва 127 медал — 21 ҷойи аввал,  33 ҷойи дуюм ва 73 ҷойи сеюм шуданд.

Ба саволҳои хабарнигорон — чаро маҷаллаи  «Чорроҳа», ки моҳи январи соли 2016 аз чоп баромадааст, моҳи  декабр ба хонандагон ҳамчун сарборӣ фурӯхта мешавад, муҳлати истифодаи пулакии китоб­ҳо се сол аст, вале якчанд соли дигар онро ба хонандагон мефурӯшанд ва ғайра ҷавоби қаноатбахш дода натавонистанд.

 Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»