Масъулиятшиносии роҳбарият эътимоди мардумро ба «Тоҷикстандарт» афзуд

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

ТОЧСТАНДАРТМиёни журналистон ва роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла, директори он  Қудрат Давлатзода ва муовинонаш дар нишасти матбуотӣ сеюми феврали соли равон муоширати озоду ошкоро ва самимӣ сурат гирифт.

Муҳим он аст, ки тамоми вақти барои нишаст ҷудошуда сарфи саволу ҷавоб гардиду журналистон ба кулли пурсишҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.  Далелҳои дар раванди саволу ҷавоб зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони «Тоҷикстандарт» бозори истеъмолӣ аз вуруди маҳсулоти пастсифат эмин гардида, эътимоди шаҳрвандон ба ин ниҳод тамоюли афзоишро касб намудааст.  Бемайлон афзудани муроҷиати мардум дар робита ба нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ ба «Тоҷикстандарт» далели ин гуфтаҳост.

Соли 2019 аз ҷониби мутахассисони сохтори зикршуда 2 313 736 кг маҳсулоти хӯроквории гуногуни пастсифат ошкор гардидааст. Зимни шарҳу тавзеҳи сабабҳои пастсифат эътироф шудани ин маҳсулот зикр гардид, ки як қисми он аз ҷиҳати бехатарӣ ва боқимонда аз лиҳози тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯй набуданд.

Маълум гардид, ки  дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории Агентӣ аз ҷиҳати  сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 732 298 кг маҳсулоти гӯштӣ, 252 214 кг равғани растанӣ, 22 683 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 640 литр нӯшокиҳои дигар, 62 805 кг маҳсулоти  қаннодӣ, 139 947 кг намак, 33 853 кг чой, какао, қаҳва, 3349 кг маҳсулоти ширӣ, 45 560 кг иловагиҳои ғизоӣ, 3930 кг консерваҳо, 8 490 кг қанду набот, 1743 кг маҳсулоти макаронӣ, 195 110 кг орди гандумӣ, 206 395 кг меваи хушк, 42 346 дона тухми мурғ, 353 648 дона қандакҳои хитойӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотианд, ғайристандартӣ эътироф шудааст.

Аз ҷониби мутахассисони нозироти савдо соли сипаришуда  маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ,  аз ҷумла,  масолеҳи сохтмонӣ 66 468 кг, фурӯзонакҳои тафсон  4 973 дона, фурӯзонакҳои каммасраф 6 782 дона, маводи ороишӣ 21 685 адад, бозичаҳо 85 778 дона, ноқил 47 042 метр (аз рӯи ташхис), тамоку 11 292 кг, тахта 121 м3, матоъ 2 439 м, телефони мобилӣ 462 адад, дафтар 8 540 дона, либоси мактабӣ 480 ҷуфт, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Зимни суолу ҷавоб иттилоъ гирифтем, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа дар 8599 ҳолат ба маблағи умумии 2 001 180 сомонӣ қарор оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ содир шудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»