Аз нишастҳои матбуотӣ

МД РССК. Ба кишоварзон 961 ҳазор доллар грант дастрас гардид

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_0347Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» 1 августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳа дар раванди татбиқи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» маълумот дод.

Директори муассиса Ҳабибулло Наим иброз дошт, ки лоиҳаи зикршуда соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардидааст ва то соли 2022 амал мекунад.

Маблағи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» 42 миллиону 620 ҳазор доллари ИМА мебошад. Тибқи он кишоварзон бо ду усул — моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мешаванд.

- Дастгирии моддӣ додани қарз, ҷудо кардани грант ба кишоварзон ва дастгирии маънавӣ баланд бардоштани донишу малакаи кишоварзонро дар назар дорад, — афзуд Боймурод Қурбонов, ҳамоҳангсози лоиҳа. Ба қавли ӯ, то ба ҳол ба кишоварзон ба маблағи 961 ҳазор доллар грант дастрас шудааст.

М. УСМОН, «Садои мардум»