Аз нишастҳои матбуотӣ

Миёни геологҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

№№14 (3964) 05.02.2019

Раиси ТочикГеология (1)- Соли 2018 корҳои геологӣ бо истифода аз маблағҳои Буҷети давлатӣ аз рӯи 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои хушҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба маблағи 12 миллиону 999 ҳазору 957 сомонӣ, ҳамчунин, корҳои шартномавӣ аз рӯи 197 лоиҳа ба маблағи 16 миллиону 528 ҳазору 621 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 791 ҳазору 309 сомонӣ иҷро шуд. Дар маҷмӯъ, ба маблағи 28 миллиону 737 ҳазору 269 сомонӣ корҳо анҷом ёфта, суръати афзоиш ба 109 фоиз расид, — зикр кард сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 30 январ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки шаш ширкат (ҶДММ «Авесто Одина», ҶДММ «Заринк», ҶСК «Сементи тоҷик», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», ҶСП «Фароз» ва «ЭҶАГ»), тибқи иҷозатнома ба иҷрои корҳои омӯзиши геологӣ машғул буданд. Илова бар ин, бо 56 ширкат қарордод оид ба муайян кардани бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба имзо расид.

Дар доираи лоиҳаи «Мушоҳидаҳои комплексӣ дар кӯли Сарез барои солҳои 2016-2020» ҳар сол гурӯҳи геологҳо мониторинги ярчҳои соҳили кӯл ва садди Усой, корҳои муҳандисӣ-геологӣ ва гидрогеологии маҷмӯиро ба сомон мерасонанд. Дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ низ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани 130 хоҷагӣ ва як мактаб тавсия дода шуд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли сипаришуда миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба бурдани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ ба имзо расид.

Рӯзибойи УМАР, 

«Садои мардум»