Аз нишастҳои матбуотӣ

МТС бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро густариш мебахшад

№19 (3969) 16.02.2019

Сохибкори ва Хизмат (1)Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки Шӯрои олимони марказ соли гузашта дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла, як академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ин ҳайат мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ шомил карда шуданд.

Шӯро бештар барои таъмини баррасии васеи дохилиидоравӣ дар самтгириву самаранокии пажӯҳишҳои илмию амалӣ саҳм мегузорад. Соли сипаришуда 12 ҷаласаи Шӯрои илмию методӣ баргузор гардид ва он имконият дод, ки тарзи ниҳоии гузоришҳо доир ба самти тадқиқоти раёсатҳо ташаккул дода шаванд.

- Маркази тадқиқоти стратегӣ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориро густариш медиҳад, — афзуд ӯ.

- Кормандони марказ соли 2018 дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Хитой аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, сатҳи забондонӣ ва касбиятро сайқал доданд. Даҳ нафар ба сифати унвонҷӯй қабул гардид. Як нафар унвонҷӯй рисолаи докторӣ ва панҷ нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, — гуфт дар хотима Диловар Қодирзода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»