Аз нишастҳои матбуотӣ

Муаллифони рамзҳои ҷашнӣ устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн мебошанд

№23 (4129) 20.02.2020

DSC_5597Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар давоми 7 соли фаъолият ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии муваффақ мақоми хоса пайдо намуд. Ин нуктаро ректори донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода 7 феврали соли 2020 дар нишасти матбуотӣ зикр намуд. Ӯ афзуд, ки донишкада дорои 3 факултет, 8 кафедра, шуъбаҳои таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, методӣ, тайёрӣ, бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин маркази бачагонаи рассомӣ мебошад.

Тибқи иҷозатнома, таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯи 24 ихтисос ва дар зинаи  магистратура аз рӯи 13 ихтисос ҷараён дорад. Дар асоси иҷозатнома аз моҳи сентябри соли 2020 донишкада бори нахуст довталабонро  ба зинаи доктор PhD аз рӯи равияи «санъатшиносӣ» қабул хоҳад кард.

Феълан дар бахши рӯзонаи донишкада 77 гурӯҳи академӣ, аз ҷумла, 37 гурӯҳ дар факултети санъати тасвирӣ ва 40 гурӯҳ дар факултети  дизайн фаъоланд.

Теъдоди донишҷӯён 1592 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 22 донишҷӯи хориҷӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ба бахши магистратураи донишкада  беҳтарин омӯзгорон, дизайнерон ва рассомон ҷалб шудаанд.

Аз ҷониби омӯзгорони эҷодкор 12 намоиши эҷодии  инфиродӣ гузаронида шуд. Бо ифтихор зикр шуд, ки муаллифони рамзҳои «З0-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «5500-солагии Саразми бостонӣ»,  ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд, устодони донишкада Карим Наҷмиддинов, Фаррух Хоҷаев (рӯҳаш шод бод), Файзиддин Раҷабов,Ҷамшед Ғанизода, Карим Наҷмиддинов ва Исохон Тағоев мебошанд.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»